ТАДБИРҲОИ ИДОНА БА ШАРАФИ РӮЗИ ҒАЛАБА
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Директори намояндагии Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Евразия» дар Тоҷикистон Галина Назарова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба шарафи Рӯзи ғалаба дар минтақаҳои гуногуни мамлакат тадбирҳои идона гузаронида хоҳанд шуд. Аз ҷумла, 6 май дар Театри давлатии русии ба номи В.Маяковский бахшида ба Рӯзи ғалаба маъракаи хайрия ба нақша гирифта шудааст. Дар ин ҷо асари саҳнавии «Маро тарк макун» намоиш дода мешавад, ки ба воқеаҳои солҳои ҷанг бахшида шудааст. 9 май дар Пойгоҳи низомии 201 – уми Русия ба муносибати 65 – солагии ғалаба бар фашизм маҷлис ва консерти идона баргузор мегардад. Ҳамон рӯз инчунин дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, вилояти Суғд, ВМКБ ва Хатлон маъракаи тақсими тасмачаҳои георгиӣ ва маълумотнома дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузаронида мешавад. Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» намоишҳои суратҳо кушода мешавад. Телевизиони вилоят бахшида ба 65 – солагии ғалаба силсилаи барномаҳо таҳия намудааст. Аз 3 то 9 май дар шаҳри Хорғ бахшида ба иди ғалаба намоиши суратҳо ва барномаи телевизионии «Дар бораи ҷанг чи медонӣ» намоиш дода мешавад. Рӯзи ид дар майдони Ғалабаи шаҳр расми гузашти низомӣ баргузор мегардад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






