ТАШХИСИ БЕМОРИИ СИЛ
Ваҳдат, 24 май. (АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Бемории сил яке аз бемориҳои сироятӣ буда, баҳри пешгирии он дар ҷумҳӯрӣ аз тарафи масъулини соҳаи тандурустӣ чораҳои мушаххас дида мешавад. Аз гуфтаи муовини сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат Шокирҷон Холов ба хабарнигори АМИТ»Ховар» маълум гардид,ки дар семоҳи соли гузашта ба лабораторияи микроскопии марказ — 309 нафар гумонбаршудагон барои муайян намудани бемории сил ба маркази ташхисӣ равон карда шуда буд,ки аз онҳо -16 нафар МБС+ муайян карда шуд. Аз ин ҳисоби умуми -129 нафар равон карда шуда,-4 нафар бемории сил бо хориҷкунии МБС дарёфт карда шуд. Дар се моҳи соли ҷори бошад,ба лаборатори микроскопии марказ -374 нафар гумонбаршудагон барои муайян намудани бемории сил ба маркази ташхиси равона шуд,ки аз онҳо —31 нафар МБС+ муайян карда шуд.Аз ҳисоби ҳамаи равон карда шудагон коркунони муассисаҳои тибби умуми -169 нафар равон карда аз он 6 нафар бемории сил бо хориҷкунии МБС дарёфт карда шуд. Нисбати соли гузашта миқдори беморони сил бо хориҷкунии манфи МБС-қариб -50 фоиз кам шудааст,ки ин аз сари вақт гузаронидани алгоритм дар вақти муайян намудани ташхис шаҳодат медиҳад. Шокирҷон Холов афзуд,ки ташхиси хизматрасонии зидди силӣ ба шаҳрвандон беҳтар гардида,ташхиси лаборатории балғам дар шаҳру ноҳияи Ваҳдат ройгон ба роҳ монда шудааст.Ташхисҳои пай дар пай муайян намуданд,ки дарёфти силӣ ғайри шуш ба низом даромадааст ва дар вақти муайян намудани ташхис аз муоинаи духтури ғайрисили гузарондани бемор ҳатмист.








13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад






