ТАШРИФИ КОТИБИ ДАВЛАТИИ ҚАЗОҚИСТОН БА ДУШАНБЕ
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Котиби давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, вазири корҳои хориҷии ин мамлакат Қанот Саудабоев 18 май барои боздиди серӯза ба Душанбе меояд. Ӯ ҳамчун раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳад кард. Қ.Саудабоев зимни сафар дар маҷлиси 37 – уми Созмони конфронси исломӣ ширкат меварзад, ки имсол дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Ӯ аз номи мамлакаташ Оинномаи Созмони конфронси исломиро имзо хоҳад кард. Меҳмони олиқадр сипас барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил менамояд. Инчунин мулоқоту сӯҳбатҳои Қ.Саудабоев бо роҳбарони ҳайатҳои мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ пешбинӣ карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Қазоқистон узви Кумитаи иҷроияи Созмони конфронси исломӣ буда, соли 2011 раёсати созмонро ба зимма хоҳад гирифт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






