ТАТБИҚИ ИЛМ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ

Май 4, 2010 10:18

             Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти саркотиби Академияи илмҳои кишоварзӣ Давлатҷон Комилзода, соли ҷорӣ  навъҳои зироатҳои ғалладона, аз ҷумла, навъҳои гандуми «Президент», «Ормон», «Сомонӣ», « Алекс », «Норман», «Садоқат», «Зироаткор -70», «Ориён», «Наврӯз», «Ватан» ва «Шамъ» ҷави навъҳои «Ифтихор», «Баракат», «Пӯлодӣ» ва  се навъи тритикал ва ҷавдори навъҳои «вахш -128», «Вахш -116» дар майдони 130 ҳазор гектар кишт карда шуданд. Зироатҳои киштшуда натиҷаи татқиқоти олимони Институти зироаткории Тоҷикистон буда, аз ҷиҳати серҳосилӣ ва тобоварӣ ба касалиҳои гуногун нисбат ба навъҳои гандуму  ҷави хориҷӣ беҳтар мебошанд. Соли ҷорӣ ин навъи зироатҳоро  дар майдони 130 ҳазор гектар кишт намуданд. Дар сурати мусоид будани обу ҳаво соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳосили рекордӣ ба даст оварда мешавад,- броз намуданд кормандони илмии Институти зироаткории Академияи илмҳои  кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».                  

Май 4, 2010 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад