ТАВСИЯИ «ТОҶИК ЭЙР» БА МУСОФИРОН
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Ширкати ҳавонавардии «Тоҷик Эйр» ба мусофирон тавсия медиҳад, ки аз бурдани меваи хушк ва чормағз ба Федератсияи Русия худдорӣ намоянд. Зеро хадамоти назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони ин мамлакат ворид сохтани меваи хушк ва чормағзро аз Тоҷикистон ба Русия манъ намудааст. Мувофиқи мактуби ба унвони ширкати ҳавонавардӣ фиристодашуда, меваи хушк ва чормағзи аз Тоҷикистон фиристодашуда зимни гузаштан аз назорат дар фурудгоҳҳои Русия мусодира карда мешаванд. Бояд гуфт, ки Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Русия қарори мазкурро вобаста ба паҳн гардидани бемории илтиҳоби ҳароммағз дар қаламрави Тоҷикистон қабул кардааст. Қарори мазкур то мӯътадил гардидани вазъияти санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон амал хоҳад кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






