ТЕЛЕФОНИ «0909» БА КОР ДАРОМАД
Душанбе, 24 мая. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Дар КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Хадамоти маълумотдиҳии автоматӣ ба кор медарояд. Шаҳрвандон метавонанд аз телефонҳои мобилии худ ба раками 0909 занг зада оид ба ҳамаи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ аз ҷумла парвозҳои амалишаванда ва рейсҳои меомада, соати парвоз ва нишасти ҳавопаймоҳо, мавқуф гузоштани рейсҳо, хатсайрҳои транзитӣ ва дигар маълумоти заруриро гиранд. Тавре аз дафтари матуоти КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иттиллоъ доданд, дар сурати сарфаҳм нарафтан ба хизматрасонии автоматӣ бо пахш намудани тугмачаи ситорача дар телефони мобилии худ муштарӣ бо операторон дар тамос мешавад ва ҳамагуна маълумоти заруриро бевосита аз операторон дарёфт менамояд. Бояд гуфт, ки системаи мазкур дар ҷаҳон пешрафта буда, аз рўи технологияи Ай Ви Ар (IVR) коркард шудааст. Дар ҷумҳурӣ, пас аз ширкатҳои мобилӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе яке аз аввалинҳост, ки ба системаи автоматии маълумотдиҳӣ мегузарад. Хадамоти маълумотдиҳии автоматӣ пас аз санҷишҳои техникӣ, рўзҳои наздик ба истифода дода мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






