ҒОЛИБИ ОЗМУНРО 10 ҲАЗОР СОМОНӢ ИНТИЗОР АСТ
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Муаллифи озмуни беҳтарин идея барои таҳияи «Рамзи Душанбе -ҳамчун шаҳри Сулҳ»-ро 10 000 сомонӣ интизор аст. Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти беҳтарин пешниҳоди идеяҳои эҷодкорону меъморон ва зиёиён барои таҳияи ин рамз аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Назар ба иттилои сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов, идеяи беҳтарин, ки барои бунёди иншооти ифодакунандаи «Рамзи Душанбе ҳамчун шаҳри Сулҳ» таҳия карда мешавад, шарти асосии озмун аст. Лоиҳаи ангории рамзӣ бояд хусусиятҳои таъмини ризояти миллӣ, ҳамзистии иҷтимоии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеа ва гуногунрангии фарҳангии онро аз нигоҳи эҷодӣ таҷассум намояд. Маҳсули тафаккури эҷодии довталабон дар шакли ангории компютерӣ ё худ тариқи мусаввараи рангаи дастӣ ва ё дар шакли шарҳи муфассали ғоявӣ бо нишондоди мӯҳтавои рамзҳои истифодашуда унвонии комиссияи озмун пешниҳод гарданд. Озмун аз 8 июн то 24 ноябри соли 2010 гузаронида мешавад. Бояд зикр кард, ки ЮНЕСКО бо инобати саҳми пойтахти Тоҷикистон –Душанбе дар барқарориву таъмини ризояти миллӣ, ҳамзистии иҷтимоии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеа ва гуногунрангии фарҳангии он, 6 сентябри соли 2004 дар Конфронси байналмиллалии шаҳри Барселонаи Испания доир гардида, Душанберо бо нахустин ҷоизаи «шаҳри Сулҳ» шарафёб намуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






