ҚИРҒИЗИСТОН: ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР БЕТАРТИБИҲО ИШТИРОК НАДОРАНД
Бишкек, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Сардори раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шаҳрвандони тоҷик дар бетартибиҳои оммавии Қирғизистон иштирок надоранд ва бар асари ин бетартибиҳо ягон шаҳрванди Тоҷикистон осеб надидааст. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Бишкек мувофиқи тартиби муқаррарӣ кор мекунад ва шаҳрвандони дар Қириғизистонбудаи тоҷикро даъват менамояд, ки вобаста ба вазъияти дар ин мамлакат рухдода ба ҳар гуна иғвогарӣ фирефта нашаванд ва дар бетартибиҳои оммавӣ ширкат наварзанд. Сафоратхонаи Тоҷикистон дирӯз ба ҳамаи шаҳрвандони дар Қирғизистонбудаи Тоҷикистон муроҷиат карда, онҳоро даъват намуд, ки дар мавриди рух додани вазъияти ғайричашмдошт фавран ба кормандони он хабар диҳанд. Ёдовар мешавем, ки вазъият, шаби 11 июн дар шаҳри дуюми калонтарини Қирғизистон — Ӯш якбора ноором ва муташанниҷ гардид. Дар ин ҷо байни қирғизҳо ва ӯзбекҳои маҳаллӣ задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал омаданд. Ҳукумати муваққатӣ дар вилояти Ҷалолобод ва шаҳри Ӯш вазъияти фавқулодда эълон кард. Аз рӯи хабарҳои расида то чошти дирӯз бар асари бетартибиҳои оммавӣ бештар аз 110 нафар ҳалок ва қариб яку ним ҳазор нафар маҷрӯҳ гардид. Вазъияти Қирғизистон рӯзи гузашта дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва СММ мавриди муҳокима қарор дода шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






