ҶАШНВОРАИ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲОИ ИДМ ВА МИНТАҚАҲОИ РУСИЯ»

Июнь 22, 2010 14:08

Душанбе,  22 июн. (АМИТ «Ховар», Кристин  Эрлих). —   Тӯли  моҳҳои охир  дар  Маскав  ва  минтақаҳои  дигари  Русия бо  иштироки   ҷамъиятҳои  миллӣ  ҷамъомадҳои  гуногуни   фарҳангии оммавӣ  баргузор  гардиданд. Иттифоқи  тоҷикистониёни  Русия   аз  моҳи  май  сар  карда,  чандин  ҷамъомадҳои  фарҳангии  оммавӣ  ташкил  намуд.  Намоиши  барномаи  консертии  ҳунарпешагони  тоҷик  дар  «Останкино», таҷлили   иди  Наврӯз  дар  12   минтақаи  Русия  ва  Рӯзҳои  фарҳанги  Тоҷикистон»  аз  ҳамин ҷумлаанд. 19  июн   дар Қасри  фарҳанги  Донишкадаи  иқтисоди  олии   шаҳри  Маскав  ҷашнвораи  «Дӯстии  халқҳои  ИДМ  ва  минтақаҳои  Русия»  баргузор  гардид. Дар  ҷашнвораи  мазкур  Иттифоқи  тоҷикистониёни  Русия  низ  иштирок  дошт.  Намояндагони  Тоҷикистон   Шаҳбоз  Сияров  ва  Каримҷон  Ёров  ба  меҳмонон  дар  бораи   асбоби  мусиқии  миллии  тоҷикон  маълумот  доданд. Дилангез  Маннонова  ва  Танноза  Қароева  дар  бораи таърихи   либоси тоҷикӣ  сухан ронданд. Фирдавс  Саломов  ва  Вайсиддин  Одинаев  хусусиятҳои  хоси  таоми  миллии  тоҷикиро  баён  намуданд. Барномаи  консертии  ҷашнвора  суруду  рақсҳои  тоҷикию  русӣ,  доғистонию  гурҷӣ,  чеченӣ  ва  ғайраро  дар  бар  мегирифт. Тамошобинон  ба  ҳунарнамоии   рақоссаҳои тоҷик  Манижа  Бӯйдоқова ва  Дилангез  Давлатбекова  борҳо кафкӯбӣ  намуданд. Гурӯҳи  ҳунарии «Фирӯз»,  ки  аз  Душанбе  омадааст,  хотири  ҷамъомадагонро  бо суруду  рақсҳои  дилнавози  тоҷикӣ  шод  гардонид.                    

Июнь 22, 2010 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад