3377 ИСТИРОҲАТГОҲ ДАР ХИЗМАТИ ХОНАНДАГОН

Июнь 11, 2010 08:42

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шумораи истироҳаткунандагони мактабҳои таълимоти умумӣ дар  ӯрдугоҳҳо       (лагерҳо) –и тобистонаи беруазшаҳрӣ ва наздимактабӣ сол то сол зиёд мегарданд,- иброз доштанд дар Вазорати маориф ба мухбири АМИТ «Ховар». Соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи мактаббачагони ҷумҳурӣ беш аз 394 ҳазору  525 нафар хонандагон дар 4 баст ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Арзиши 1 роҳхат дар лагерҳои беруназшаҳрӣ аз 340 то 380 сомонӣ мебошад. Дар ташкилоту идораҳое, ки иттифоқҳои касаба фаъолият доранд падару модарон ҳамагӣ 15 фоизи нархи роҳхатро пардохт менамоянд. Як роҳхат барои 15 рӯз дода мешавад. Бино ба иттилои ҳамин манба, соли ҷорӣ дар ин истироҳатгоҳҳо 200 нафар бачагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб ва 120 нафар фарзандони сохтмончиёни НОБ –и «Роғун»   бепул  истироҳат мекунанд.  

Июнь 11, 2010 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад