49 КГ МАВОДИ МУХАДДИР ДАРЁФТ ВА МУСОДИРА КАРДА ШУД

Июнь 14, 2010 16:55

Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи 50-солагии Тоҷикистон, ҷамоати Комсомоли ноҳияи Фархори вилояти Хатлон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ғулом Валади Сахӣ, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи вилояти Тахор, улусволии Растак,  дастгир карда шуд. Тавре аз дафтари маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми гузаштан аз марзи Тоҷикистон  дар лаби дарёи Панҷ аз борхалтаи ӯ 37 кг 285 гр бангдона, 11 кг 305 гр героин, ки вазни умумии онҳо 48 кг 590 гр ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд. Айни замон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.

Июнь 14, 2010 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид