АЗ БЕЭҲТИЁТӢ ҒАРҚ ШУДАНД
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 20 июни соли равон шаҳрванд Шамсиддинов Сорбони 22-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати Шаталови ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми оббози кардан дар ҳавзи воқеъ дар ҳудуди ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст. Чунин ҳодиса 19 июни соли равон шаҳрванд Баҳриддини Баротзодаи 19 – сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Озодии ноҳияи Ёвон, ҳангоми оббозӣ кардан дар кӯли назди деҳаашон, аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин ноболиғ Раҳмонова Меҳронаи 5-сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Даркади ноҳияи Фархор ҳангоми оббози кардан дар канали назди хонаашон, аз беназоратии волидайн ва беэҳтиётии худ ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






