БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

Июнь 25, 2010 09:29

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар арафаи ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ аз ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хушхабаре расид. Бино ба иттилои раиси ноҳияи мазкур Акрамхон Кучакшоев бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, КВД «ТАЛКО» бунёди меҳмонхонаи «Сеситорадор»-и дуошёна дар деҳаи Гармчашма, ки соли гузашта оғоз ёфта буд, соли ҷорӣ  дар рӯзи ҷашни 13 — солагии  Ваҳдати миллӣ ба истифода дода мешавад. Боиси тазаккур аст, ки ба муносибати ин ҷашни фархунда сохтмони меҳонхона дар назди шифохонаи «Авҷ», хонаи миллӣ ва  меҳмонхона дар назди шифохонаи «Биби Фотимаи Зуҳро», мактаби рақами 8 дар деҳаи Варанг барои 240 ҷой, меҳмонхона-қаҳвахона дар деҳаи Шитхарв, меҳмонхона дар деҳаи Ширгин, сохтмони Маркази савдо дар маркази ноҳия, меҳмонхонаи дуошёна дар деҳаи Андароб аз иншооти ҷашнӣ буда, дар як муддати кӯтоҳ бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтанд,- иброз дошт   телефонӣ  раиси ноҳия ба мухбири АМИТ «Ховар».

Июнь 25, 2010 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад