«БАРҚИ ТОҶИК» ҚАРЗРО БАР МЕГАРДОНАД
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ширкати холдинги «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров, нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда -1» аз рӯзи оғоз ба кор то 1-уми январи соли 2010 барқистифодабарандагонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 124 млн. сомонӣ, ки наздик ба 30 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, қарздор намудааст. Роҳбарияти ин нерӯгоҳи тобеи Федератсияи Русиябуда, ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2009 аз он ибрози ақида карда буд, ки дар сурати напардохтани ҳаққи истифодаи барқ нерӯгоҳро аз кор боз медоранд. Соли ҷорӣ аз рӯи гуфти раиси ширкати «Барқи тоҷик» Абдуло Ёров, ҳолати кор дар шакли беҳтар тағйир ёфтааст. Ҷадвали баргардонидани қарз тартиб дода шудааст ва он то охири соли 2011 амалан иҷро карда мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






