БЕҲТАР НАМУДАНИ ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти дастгоҳи раиси ноҳияи Ашти вилояти Суғд, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ҳамчунин аз ҳисоби лоиҳаи инвеститсионии «Барқарорсозии системаи ирригатсионӣ», ки ҳаҷми умумии маблағи он ба 8 млн. 30 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст, корҳои зиёде анҷом дода шуда, то охири моҳи майи соли ҷорӣ аз ин маблағ 7 млн 400 ҳазор доллар аз худ карда шудааст. Боис ба ёдоварист, ки дар солҳои 2007 -2009 дар ноҳияи Ашт 217 гектар заминҳои нав обёрӣ гарда, барои истифода ба хоҷагиҳои кишоварзӣ супорида шуданд. Дар ин давра дар маҷмӯъ ҳолати мелиоративии 4 ҳазору 700 гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардид, ки барои он 1 млн. 569 ҳазор сомонӣ маблағ истифода карда шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






