БЕКОРОН БО КОР ТАЪМИН МЕШАВАНД
Қӯрғонтеппа, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков). Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа ярмакаи чойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар он намояндагони корхонаю муассисаҳои гуногун ба корҷӯён 940 ҷои кори холиро пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 59 нафар ба кори доимӣ фиристода шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ярмарка намояндагони корхонаю ташкилотҳои аз ноҳияҳои Бохтар, Сарбанд, Вахш, Ҷ.Румӣ, Ёвон ва шаҳри Қурғонтеппа ширкат варзиданд. Сардори шӯъбаи сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии вилояти Хатлон Ризоқул Ҷӯраев зикр кард, ки дар вилояти Хатлон аз моҳи январи соли ҷорӣ то имрӯз 140 ярмаркаи ҷои кору вазифаҳои холӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи онҳо 930 нафар бо кори доимӣ таъмин карда шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






