БЕТАРТИБИҲОИ НАВ ДАР ӮШ
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи хабарҳои аз Бишкек расида, вазъияти шаҳри дуюми калонтарини Қирғизистон — Ӯш тӯли рӯзҳои охир хеле ноором ва муташанниҷ гардид. Бетартибиҳо дар ин ҷо шаби гузашта баъди задухӯрдҳои гурӯҳҳои ҷавонони қирғиз ва ӯзбек оғоз ёфтанд. Бояд гуфт, ки дар шаҳри Ӯш теъдоди зиёди ӯзбекҳо зиндагӣ мекунанд. Задухӯрҳои ҷавонон тадриҷан ба бетартибиҳои оммавӣ табдил ёфтанд. Теъдоди зиёди одамон дар маркази шаҳр дар назди меҳмонхонаи Олой ҷамъ омад. Ҷамъомадагон мошинҳои роҳгузарро дошта, онҳоро оташ зада, мағозаю дӯконҳо ва ташкилоту идораҳоро ғорат карданд. Дар натиҷаи бетартибиҳо 4 нафар ҳалок ва 53 нафар маҷрӯҳ шуд. Вазъи саломатии 7 нафари дигар хеле вазнин мебошад. Мақомоти ҳукуматӣ дирӯз дар шаҳрҳои Ӯш ва Ӯзген, инчунин ноҳияҳои Қаросу, Аравон ва ғайра вазъияти фавқулодда ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ намуданд. Барои таҳти назорат гирифтани вазъият қисмҳои ҳарбӣ ва техникаи низоми ба шаҳри Ӯш фиристода шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






