ЧАРО ОДАМОН ХУДРО ЭҲТИЁТ НАМЕКУНАНД?
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 18 июни соли равон дар кӯли назди дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии шоҳроҳи Душанбе – Қурғонтеппа, шаҳрванд Остонқулов Рамазон, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳур ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯл ғарқ шуд. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, наҷотдиҳандагони Кумитаи номбурда ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, номбурдаро аз об бароварда, ба кормандони ёрии таъҷилӣ супориданд. Р. Остонқулов дар беморхона ба ҳалокат расид. Инчунин рӯзи 18 июн истиқоматкунандаи посёлкаи Гулбутта, бӯстонсарои Маҳмуд Ятимов Шукрулло, соли таваллудаш 1986, аз беэҳтиётӣ дар дарё ғарқ шуд. Наҷотдиҳандагони Кумита ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ҷасадро дарёфт намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






