Э. РАҲМОН ДАР ФОРУМИ ТОҶИРОНИ ТОҶИКУ ЧИНӢ

Июнь 18, 2010 09:51

18 июни соли 2010 рўзи дуюми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардуми Чин бо иштироки ў дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва ин музофоти калони ҳамсоякишвари Чин оғоз ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз судоварии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҷумла, бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки «Айни ҳол дар кишвари мо беш аз 500 корхона бо иштироки сармояи хориҷӣ фаъолияти босамар дорад». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳри дастгирии пайвастааш аз таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва рушди иқтисодиёти он арзи сипос намуд ва зимнан ёдовар шуд, ки дар зарфи 5 соли охир ҳукумати ин кишвар ба Тоҷикистон 32 миллион доллари амрикоӣ гранту кўмаки техникӣ ва беш аз 650 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст. Ҷудо гаштани 80 миллион юан гранти нав, ки ба наздикӣ барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон сурат гирифт, идомаи ҳамин сиёсат арзёбӣ гардид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки сармоягузории мустақим низ аз ширкатҳои чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон рў ба афзоиш оварда, аз соли 2005 ин ҷониб ҳаҷми он зиёда аз 128 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Зимни форум аз ҷониби тоҷирону соҳибкорони  ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардуми Чин таваҷҷўҳи зиёд ба соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла гидроэнергетика, саноат, хусусан саноати кўҳӣ, кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва ғайра зоҳир карда шуд. Форуми мазкур ба пайдоиши робитаҳои нав ва ба даст омадани тавофуқоти судманд боис гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.                      

Июнь 18, 2010 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад