ФАЛОКАТ ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ

Июнь 25, 2010 14:42

Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Рӯзи 24 июни соли равон ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи бахши кофтукови ҷиноии вилояти Суғд, шаҳрванд Раҳимҷонов Комилҷон, соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандаи шаҳри Б. Ғафурови вилояти Суғд, дастгир карда шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 23 июни соли равон К. Раҳимҷонов дар ҳолати мастӣ дар чойхонаи «Шар-Шара», воқеъ дар деҳаи Маҳрами ноҳияи Конибодом, дар натиҷаи муноқишаи ба миён омада бо шаҳрванд Нурматов Алишер, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ҷамоати Шарипов, деҳаи Маҳрам, К. Раҳимҷонов бо корди хоҷагӣ 2 маротиба ба тарафи чапи бадани А. Нурматов задаст. Дар натиҷа Нурматов А. захми вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гаштааст. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.  

Июнь 25, 2010 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад