ФАРОҒАТГОҲИ «КАЙҲОН» БАРОИ ҚАБУЛИ МАКТАББАЧАГОН ОМОДА АСТ
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Роњбарияти Корхонаи воњиди давлатии «Фурудгоњи байналмилалии Душанбе» њамасола барои таъмини фароѓати фарзандони кормандони авиатсияи граждании кишвар ањамияти њамаҷониба медињад. Инак, имсол низ фароѓатгоњи бачагонаи «Кайҳон» пеш аз мӯњлат аз таъмир бароварда шуда, барои ќабули мактаббачањо омода карда шуд. Дар сӯњбат Раиси Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони фурудгоњ Мамадљон Хушвахтов иброз дошт, ки фароѓатгоњи кўдаконаи «Кайњон» воќеъ дар дараи хушманзараи Ромит барои ќабули кўдакон ва наврасони кормандони соњаи авиатсияи граждании љумњурї пурра омода аст. Чанде пештар комиссияи муштарак иборат аз мутахассисони вазорати њолатњои фавќулода, сўхторнишонї, маркази давлатии назорати санитарї-эпидемиологї, љонишини Раиси Федератсияи Иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон Бахтиёр Абдуллоев тањти роњбарии мутахассиси пешбари шўъбаи шуѓли ањолї ва њифзи иљтимоии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон Рањматулло Файзов фароѓатгоњро мавриди санљиш ќарор дода, аз омодагии он изњори ќаноатмандї намуднд. Соли ҷорӣ дар ќатори фарзандони кормандони соњаи авиатсияи љумњурї 20 нафар аз фарзандони оилањои аз офати табии зарардидаи минтаќаи Кўлоб низ дар фароѓатгоњи «Кайњон» истироњат менамоянд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






