ХАРОБКОРОНИ ИСТГОҲҲОИ НАҚЛИЁТӢ ҶАЗО ДОДА МЕШАВАНД

Июнь 2, 2010 09:20

Душанбе, 2 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-То Рӯзи Ҷашни истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ-9 сентябр дар асоси тарҳҳои тасдиқгардида,  сохтмони истгоҳҳои замонавӣ дар пойтахт тибқи нақшаҳои мавҷуда ба анҷом расонида мешавад. Ин масъала дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки ҳолати истифодаи  истгоҳҳои нақлиётӣ зери назорати доимӣ гирифта шуда, бар зидди харобкорони моликияти ҷамъиятӣ дар ҳамдастӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Ҳамзамон,  дар ҷаласа вазъи санитариву экологӣ, коркарди санитарии дарахтҳо, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонӣ дар бахши нақлиёти ҷамъиятӣ, тозаву дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо, сифати корҳои таъмирӣ дар роҳҳои таҷдидшавандаи шаҳр, ҷалби мутахассисони ҷавон ба хизмати давлатӣ ва ҷараёни корҳои сохтмони манзилҳо аз ҷониби субъектҳои шаҳрдории Душанбе барои зарардидагони шаҳри Кӯлоб баррасӣ шуданд.  

Июнь 2, 2010 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад