ХУН БАРОИ НАҶОТИ ЗИНДАГӢ

Июнь 14, 2010 15:16

Душанбе,  14 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Дар   давоми  марафони  телевизионии  ҷумҳуриявӣ, ки  14  июн  ба муносибати  Рӯзи  ҷаҳонии  донорҳои  хун  гузаронида  шуд, қариб як  тонна  хун   ҷамъ  гардид.  Директори Маркази   ҷумҳуриявии  илмии  таҳқиқ ва  ҷамъоварии  хуни Вазорати  тандурустии  ҷумҳурӣ Бурҳониддин  Баҳоваддинов ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  марафони телевизионӣ 13  июн  оғоз  ёфт ва  то   бегоҳии  14  июн  давом  мекунад. Дар   марафони  мазкур  қариб  2025  нафар  ширкат  варзид.   Танҳо   ба  Маркази  ҷумҳуриявии  хун  879  нафар  ташриф  оварда,  хун  супориданд. Тадбирҳои  асосии  марафон  14  июн   дар  шаҳри  Хуҷанд  баргузор  мегарданд. Марафони телевизионӣ  дар  ҳамин ҷо  ба  охир  мерасад.   Тамоми  ҷараёни  марафони телевизионӣ  барои  ҷамъоварии  хун  ба  воситаи  шабакаи  аввали   телевизиони  Тоҷикистон  намоиш  дода  мешавад.  

Июнь 14, 2010 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад