ИҶРОИ КИШТИ ҒАЛЛАРО ТАЪМИН НАМУДАНД

Июнь 10, 2010 08:16

Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттлои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – и вилоятҳои Суғду Хатлон маъракаи кишти зироатҳои ғалладонагиро бармаҳал ва барзиёд иҷро намуданд. Тибқи  маълумоти ҳамин манбаъ, дар вилояти Хатлон ба ҷои 118,8 ҳазор гектар дар майдони 128 ҳазору 96 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст. Дар вилояти Суғд бошад дурнамои кишти зироатҳои ғалладона 55, 9 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. То 7- уми  июн дар ин вилоят зиёда аз 58,3 ҳазор гектар зироатҳои ғалладонагӣ кишт карда шудааст. Баробари  ин муваффақияти ба даст омада, дар ҳарду вилоят  нақшаи кишти ҷуворимакка иҷро нагардидааст ва аз 4558 гектари нақшавӣ ҳамагӣ дар  масоҳати 3539 гектар ҷуворимакка кишт карда шудааст, ки он 77,6 фоизи дурнаморо ташкил  медиҳад.

Июнь 10, 2010 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад