КӮДАКОНИ ЗАРАРДИДАГОНРО БА ЛАГЕР МЕБАРАНД
Кӯлоб, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бо дастгирӣ аз иқдоми Сарвари давлат ҷиҳати таъмини истироҳати тобистонаи фарзандони оилаҳои камбизоат, ки бар асари фалокати табиӣ аз манзили зист маҳрум гардидаанд, 150 нафар кӯдакон аз шаҳри Кӯлоб ба истироҳатгоҳи «Шимкент»-и ноҳияи Ҳисор фиристода шуд. Ин мавсим аз 1 ҳазору 340 нафар кӯдакони оилаҳои зикршуда 400 нафар дар лагерҳои беруназшаҳрӣ, 200 нафар дар истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва боқимонда дар назди 14 муассисаи таълимии шаҳри Кӯлоб дар се баст ба истироҳат фаро гирифта мешавад. Дар истироҳатгоҳҳои ҷумҳуриявӣ барои дар се баст ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифтани наврасон шароити зарурӣ муҳайё гардида, дар назар аст, ки боз 200 нафар кӯдакони оилаҳои мазкур аз ҳисоби федератсияи итифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба истироҳатгоҳҳои Варзобу Ромит фиристода шаванд. Ҳамзамон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ва шӯъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб дар истироҳатгоҳи «Шарора»-и ноҳияи Мӯъминобод низ ин мавсим шумораи муайяни наврасонро ба истироҳат фаро мегиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






