КӮМАКИ ИЛМИИ ОЛИМОН БА БОҒПАРВАРОН

Июнь 11, 2010 08:39

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи президенти Академияи илмҳои  кишоварзӣ, академик Ҳукматулло Аҳмадов, олимони Пажӯҳишгоҳи боғпарварию  сабзавоткории академияи мазкур, доир ба амалӣ намудани «Барномаи  мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғутокпарварӣ, тадриҷан  зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дарҶТ барои солҳои 2007 -2010» ва Фармони Президенти ҶТ оид ба бунёди 46901 гектар боғу токзор дар давоми солҳои 2010 – 2014 барои парвариши ниҳолҳои баландсифати навҳои ҷавобгӯи талаботи бозор корҳои зиёдро анҷом доданд. Оид ба иҷрои барномаи мазкур кормандони Пажӯҳишгоҳ бо ноҳияҳои Ёвон, Носири Хисрав, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷиликӯл, Қумсангир, Панҷ, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш, Данғара ва Темурмалики вилояти Хатлон шартномаҳои  ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ин тарзи ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки дар барқарорсозии боғу токпарварӣ, ки дар асоси илми муосир рушд ёфтааст, барномаи мазкур амалӣ гардад  ва боғутокпарварон манфиати зиёд ба даст оранд.

Июнь 11, 2010 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад