КИҲО МЕТАВОНАНД ДАР МАҚОМОТИ АНДОЗ КОР КУНАНД?
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар» Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун баргузор гардид. Низомномаи озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизматӣ давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми майи соли 2009 таҳти №659 тасдиқ шудааст, бо мақсади татбиқи моддаи 18-и Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» таҳия гардида, тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии мақоми давлатиро танзим менамояд. Бешак ба тариқи озмун таъйин намудани довталабон ба мансабҳои холии маъмурӣ ба дарёфти мутахассисони муносиб ба мансабҳои хизмати давлатӣ ва пешрафту рушди соҳаҳои гуногун саҳм мегузорад. Мавриди зикр аст, ки озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон, хизматчиёни давлатии маъмурӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос, инчунин таъмини болоравии касбияти хизматчиии давлатӣ гузаронида мешавад. Дар озмуни навбатӣ 115 нафар довталабон барои ишғоли 60 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ба Кумитаи андоз муроҷиат намуданд. Аз шумораи умумии довталабоне, ки барои ишғоли мансабҳои холӣ мурорҷиат намуда буданд, 57 нафарашон ба суолҳои аъзои комиссияи озмунӣ ҷавобҳои пурраю саҳеҳ дода, аз озмун гузаштанд ва барои таъйин намудан ба мансабҳои интихобнамудаашон тавсия дода шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ин чорумин озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ дар соли равон аст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






