КОРМАНДОНИ БДА АЗ МИСРИ АРАБ БАРГАШТАНД
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба тарбия ва ташаккули кормандони ҷавони милитсия ҷиддӣ кор мебаранд,- иброз доштанд дар шӯъбаи кадрҳои вазорат ба мухбири АМИТ «Ховар». Масъалаи аз ҳисоби ҷавонон пурра кардани сафи кормандони милитсия сол то сол беҳтар мегардад. Айни замон беш аз 33 фоизи хадамоти хизмати беруна, 43,6 фоизи кормандони кофтукови ҷиноӣ, 42,3 фоизи ҳайати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва 28,5 фоизи воҳидҳои Раёсати Қушунҳои Дохилиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамасола гурӯҳе аз ин ҷавонон барои таҷрибаомӯзӣ ба давлатҳои хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Чанде пештар, аз Ҷумҳурии Мисри Араб як гурӯҳи бозрасии давлатии автомобилӣ баъди омӯзиши таҷриба ба ҷумҳурӣ баргаштанд ва таҷрибаву маҳорати омӯхтаашонро ба дигар гурӯҳҳои бозрасӣ дар ҷумҳурӣ меомӯзонанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






