ЛОИҲАИ ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ТАҲИЯ ШУДААСТ

Июнь 24, 2010 12:22

Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи Қоидаҳои  имлои  забони тоҷикӣ таҳия шуда, вақтҳои наздик барои баррасӣ тавассути васоити ахбори омма ба ҷомеа ва Ҳукумати  ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад», гуфт зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди  Ҳукумати ҷумҳурӣ Додихудо Саймуддинов. Мавсуф афзуд, ки дар имлои нав қоидаҳои забони тоҷикӣ ҷой дода шуда, дар он ба ягон ҳарфи алифбо тағйирот ворид карда намешавад. Дар имло қоидаҳои нав аз нигоҳи илмӣ дақиқ карда мешаванд. Дар имлои нав маҳдудият дар истифодаи ҳарфи «ӯ» ҷой дорад. Ба андешаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Д. Саймуддинов истифодаи ҳарфи «ӯ»  хоси забони ӯзбекӣ аст. Дар лоиҳаи нави имлои забони тоҷикӣ хавфи аз байн бурдани ҳарфи «ӯ» аз имлои кириллии забони тоҷикӣ вуҷуд надошта, балки қоидаи истифодаи онро дар мавриди муайян пешниҳод карда, мавқеи истифодаи аломати сакта «ъ» мушаххас мегардад. Додихудо Саймуддинов ҳамзамон гуфт, ки  Кумита дар ҳамкорӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ чопи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро низ омода кардааст. Мавриди зикр аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2009 таъсис дода шуда, ҳадафи он татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташаккули забони давлатӣ мебошад.  

Июнь 24, 2010 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад