МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ ВМКБ
Хоруғ, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). — 13 июн дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов маҷлиси роҳбарон ва кормандони масъули идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои боздиди гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Сарвазир ба ВМКБ ҷамъбаст карда шуданд. Тавре хабар дода шуда буд, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Сарвазир бо ҷараёни тайёрии вилоят ба ҷашни Ваҳдати миллӣ шинос гардида, рафти сохтмони иншоотҳои идонаро аз назар гузаронид. Сарвазир зимни мулоқот бо фаъолони вилоят аз ҷараёни омодагӣ ба ҷашн ва сохтмони иншоотҳои идона изҳори қаноатмандӣ намуд. Қайд карда шуд, ки камбудиҳои ҷузъии мавҷударо дар давоми чанд рӯз ислоҳ кардан мумкин аст. Ба ақидаи Сарвазир ҳамаи иншоотҳо умуман бо сифати хуб бунёд гардидаанд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






