МЕҲМОНОН АЗ ИНШООТИ МУҲИМИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД МЕНАМОЯНД
Душанбе, 9 июн.(АМИТ “Ховар», Марзия Саидова).-10 июн иштирокдорони конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» 2005 -2015, ки имрӯзҳо дар Душанбе идома дорад, аз Нерӯгоҳи барқи обии Норак, воқеъ дар 70 километрии қисмати ҷанубу шарқи Душанбе дидан менамоянд. Зимни боздиди иштирокдорони конфронс аз нерӯгоҳи Норак баргузории семинари кӯтоҳмуддат дар мавзӯи дурнамои рушди комплекси обию энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст. Бояд зикр кард, лоиҳаи НБО Норак соли 1950 таҳия шуда, сохтмонаш соли 1961 шурӯъ гардид. Соли 1979 агрегати охирини он ба истифода дода шуд. Иқтидори НБО Норак 3000 МВт буда, баландии обанбораш 300 метр ва дарозиаш 70 километрро ташкил медиҳад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






