МЕДАЛИ ТИЛЛО ЗИЁД ШУД

Июнь 23, 2010 16:46

 Қӯрғонтеппа, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Нуралӣ Азизов ба мухбири АМИТ«Ховар» гуфт,ки баъди ҷамъбасти соли хониш аниқ карда шуд,ки нисбати чанд соли гузашта дар вилоят  хонандагони макотиби миёна дар озмунҳои дохилӣ ва берунӣ ширкат варзида соҳиби ҷойҳои намунавӣ шуданд. Ба иттилои  Нуралӣ Азизов хонандагони макотиби вилояти Хатлон дар 81 озмунҳои чумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок дошта, 10 медали тилло ба даст оварданд,ки нисбати чанд соли охир зиёд мебошад. Инчунин аз раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд,ки онҳо барои таълиму тарбияи дурусти хонандагон минбаъд саҳм гирифта, кӯшиш доранд,ки хонандагоне, ки бо баҳои хубу аъло мактабро хатм кардаанд, берун аз кишвар таҳсилро давом диҳанд ва аллакай довталабон ба раёсати маориф ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳуҷҷат супурда, беҳтаринҳо берун аз кишвар дар Арабистон, Руссия, Туркманистону Эрон таҳсили худро идома медиҳанд.  

Июнь 23, 2010 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад