МУЛОҚОТИ А. ДОСТИЕВ БО САФИРИ АЛБАНИЯ
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев чанд рӯз пеш дар Маскав бо хоҳиши сафири Ҷумҳурии Албания дар Федератсияи Русия Сокол Гиок бо ӯ мулоқот кард. Сафири Албания дараҷаи баланди ташкил ва гузаронидани маҷлиси 37 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломиро дар Душанбе зикр намуд, ки аз 18 то 20 майи соли равон баргузор гардида буд. Сафир ба ҷониби Тоҷикистон барои ташкили мулоқоти ҳайати мамлакаташ бо роҳбарияти мамлакат изҳори сипос намуд. Сафирони Тоҷикистону Албания дар бораи вазъияти имрӯзаи иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳояшон ба ҳамдигар маълумот дода, инчунин масъалаҳои густариши ҳамкориии дуҷонибаро баррасӣ намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






