МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО КОТИБИ ДАВЛАТИИ ПОРТУГАЛИЯ

Июнь 9, 2010 10:26

Душанбе,  9 июн. (АМИТ «Ховар»,  Фирдавс  Таваров). —  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  дирӯз   баъди  чошти  8  июн   бо  котиби давлатии  корҳои  хориҷӣ  ва  ҳамкории  Португалия  Жоао Гомеш  Кравино мулоқот  кард, ки  барои  иштирок  дар   Конфронси   байналхалқии  намояндагони  воломақоми  мамлакатҳои  ҷаҳон   бахшида ба  ҷамъбасти  натиҷаҳои  даври  аввали  Даҳсолаи  байналмилалии  амалиёти  «Об  барои  зиндагӣ»  ба  Тоҷикистон  ташриф  овардааст. Ж.Кравино  баъди  мулоқоташ   бо   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ба  хабарнигорони  дохилию  хориҷӣ  хабар  дод, ки   ҳамроҳи  Президент  роҳҳо   ва  имкониятҳои густариши  ҳамкории Тоҷикистону  Португалия, масъалаҳои  истифодаи  самарабахши  захираҳои об  ва  имконияти  гузоштани   сармояи  мамлакаташро   ба  иқтисодиёти  Тоҷикистон  муҳокима  кардааст. Ба  қавли   Котиби  давлатии  Португалия,  мамлакаташ  тайёр  аст,  бо  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  бораи  сарфи  назар  кардани   андозбандии  дубора   аз   ҳамлу  нақли  мол   дар  байни  ҳар  ду  кишвар   созишнома  имзо  кунад. Қайд  карда  шуд, ки  созишномаи  мазкур  ба  ҷалби  сармояи  соҳибкорони  Португалия  ба  иқтисодиёти  Тоҷикистон  мусоидат  хоҳад  кард.

Июнь 9, 2010 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад