МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ША ТСУ КАН

Июнь 8, 2010 07:18

7 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид  Ша Тсу Канро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили об ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамгироии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар самту соҳаҳои гуногун, аз ҷумла татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвари мо оид ба масоили об ва Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола баррасӣ шуд. Ша Тсу Кан салому паём ва миннатдории Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мунро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри баргузории чунин ҳамоиши муҳим дар шаҳри Душанбе расонда, изҳор дошт: «Созмони Милали Муттаҳид омода аст, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти зиёди мавҷуда, аз ҷумла вобаста ба мушкилоти истифодаи захираҳои обию энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намояд».   Изҳори боварӣ карда шуд, ки конфронси Душанбе дар нати?агирии нимаи аввали Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” ва муайян кардани на?шаву тадбир?ои амалӣ барои ноил гаштан ба ма?сад?ои Даҳсола ва Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола маъракаи асосӣ мегардад. Таъкид гардид, ки “нати?аҳои Конфронси Душанбе дар Муло?оти сат?и олии Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи сентябр дар шаҳри Ню-Йорк барпо хоҳад гашт, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад”. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба масоили сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.      

Июнь 8, 2010 07:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад