МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИСЛОМ КАРИМОВ

Июнь 12, 2010 08:11

11 июни соли 2010 дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов масоили кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар дар фазои ошкоро ва ҳавасмандии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи асосӣ ба масоили мубрами ҳалталаб дар муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар, аз ҷумла ба масъалаҳои рушди энергетикаи Тоҷикистон ва фаъолияти босуботи инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионии миёни ду кишвар, зоҳир гардид. Ҳарду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки маводи хўрока, сўзишворӣ ва дигар молҳо, ба ҷуз борҳое, ки барои сохтмони нерўгоҳи Роѓун пешбинӣ шудаанд, ба ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути қитъаи роҳи оҳани Термез-Амузанг-қурѓонтеппа бемонеа интиқол дода шаванд. Масоили сохтмони нерўгоҳи Роѓун мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. ҷониби Тоҷикистон омодагии худро баҳри гузарондани ташхиси мустақили байналмилалии ҷанбаҳои иҷтимоӣ-қтисодӣ ва экологии бунёди ин иншооти гидротехникӣ бори дигар таъкид намуд.  Аз рўйи масоили дигари баррасишуда сарони ду давлат ба мувофиқа омаданд, ки баҳри нигаҳдошти фазои ошкору шаффоф дар муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон робитаҳои  пайваста дошта бошанд. Дар мулоқот ҳамчунин масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 12, 2010 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад