МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУРАДГУЛИ АКМАМЕДОВ
8 июни соли 2010 дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини сарвазири Туркманистон Мурадгули Акмамедов масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуд. Тақвият ва густариш додани заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба тавассути омода кардан ва ба имзо расондани санадҳои нав зарур шумурда шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон, ки нимаи дуюми соли равон бояд дар шаҳри Ашхобод баргузор гардад, ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшад. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба мавзўъҳои конфронси байналмилалии имрўза ва истифодаи босамару сариштакорона аз захираҳои обию энергетикии минтақа гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






