НАМОИШИ КИТОБҲОИ ТОЗАНАШРИ ТУРКИЯ

Июнь 15, 2010 16:43

Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ маросими муаррифии китобҳои тозанашри Туркия бо дастгирии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон доир гардид. Дар маросими мазкур директори китобхона Шариф Тошев, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Сафар Шосаидов ва  мушовири сафири Туркия оид ба корҳои фарҳангӣ Мехмет Ташкин иштирок намуданд. Бояд гуфт, дар ин намоишгоҳ 300 номгўи китоб аз фонди китобхона ва 200 номгў китобҳои тозанашр дар самтҳои таърих ва сиёсати Туркия, фарҳанг ва ҳунар, адабиётшиносӣ ва ғайра гузошта шуда буданд. Зимни суханронии худ, Сафар Шосаидов аз ҳамкории Сафорати Туркия изҳори миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки густариши равобити Тоҷикистону Туркия яке аз самтҳои сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Мехмет Ташкин низ дар суханронии худ изҳор дошт, ки нашр намудани китобҳои шоирону нависандагон ва олимон бо забонҳои гуногун дар омўзиши забонҳо ва баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти мардуми кишварҳои Тоҷикистону Туркия метавонад саҳми бузург гузорад. Ҳамчунин, дар намоишгоҳ чун нишони забондонӣ ва дўстии ду кишвар аз ҷониби як гурўҳ донишҷўён аз эҷодиёти шоирони Туркия бо забонҳои туркӣ, тоҷикӣ ва русӣ шеърҳо қироат карда шуд.        

Июнь 15, 2010 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад