ОҒОЗИ ДАВРИ ЧОРУМИ ДОРУДИҲӢ БА БАЧАГОН

Июнь 15, 2010 10:58

Душанбе,  15 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). —  Имрӯз  дар  Тоҷикистон  даври  чоруми   дорудиҳӣ ба бачагон  барои  пешгирии   паҳн гардидани  бемории   фалаҷи  ҳароммағз  оғоз  ёфт.  Дар  даври  чорум  на танҳо  ба бачагони то  6 – сола, балки ба  бачагони то  16 – сола низ  дору  дода  мешавад. Дар  Вазорати  тандурустӣ  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфтанд, ки   бачагону  наврасони  то  16 – сола  ба бемории фалаҷи  ҳароммағз ба  осонӣ гирифтор  шуда  метавонанд. Роҳи  ягонаи  пешгирии  ин  бемории  хавфнок  додани  дору  ба бачагон  мебошад. Бояд  гуфт, ки  дору  ба  саломатии  бачагон  зарар  нарасонида,  баръакс  тобоварии  ҷисми  онҳоро  бештар  мегардонад.  Дар  давоми   даври  чорум  дар  саросари  мамлакат ба  2  миллиону  900 ҳазору  646  кӯдаку  навраси  то  16 – сола  дору  дода  хоҳад  шуд.  Барои  ин  миқдори  зарурии  дору  захира  карда шудааст.  Сардухтури   давлатии  санитарии  ҷумҳурӣ,   муовини  вазири тандурустӣ  Аъзамҷон  Мирзоев  зикр   кард, ки  рӯзҳои охир   ягон  шахси гирифтори  бемории  фалаҷи  ҳароммағз ба шифохонаҳо  муроҷиат  накардааст.

Июнь 15, 2010 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад