ОЁ ТОҶИКИСТОНРО БА СҶТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД?

Июнь 1, 2010 09:40

Душанбе,  1 июн. (АМИТ «Ховар»,  Покиза  Маҳмадбекова ). —  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  моҳи  майи  соли  2001 ба  котиботи  Созмони  ҷаҳонии  тиҷорат (СҶТ)  дар  бораи  қабул  гардиданаш  ба  узвияти он  ариза дода буд. Шӯрои  генералии  созмон  моҳи  июли  ҳамон  сол  аризаи  Тоҷикистонро  муҳокима  карда,  қарор  дод, ки  барои  омӯзиши  шароити  тиҷорати берунӣ,  хариду  фурӯши  мол ва  хизматрасонӣ  дар  Тоҷикистон гурӯҳи  корӣ  ташкил  диҳад. Ба  ҳайати гурӯҳи  корӣ  намояндагони  30  мамлакати  аъзои  созмон  шомил  карда шуданд. Вазорати  рушди  иқтисод  ва  савдои  Тоҷикистон  ҳамроҳи  вазорату  идораҳои  мутасаддӣ  ва  комиссияи  байниидоравӣ лоиҳаи   меморандуми тиҷорати  берунии  Тоҷикистонро тартиб дода,  моҳи  феврали соли  2003  ба  муҳокимаи  котиботи  созмон пешниҳод  намуд. Гуфтушуниди  нахустин  дар  бораи  қабули Тоҷикистон  ба  узвияти  СҶТ  моҳи  марти  соли  2004, гуфтушуниди  дуюм  моҳи  апрели  соли 2005,  гуфтушуниди  сеюм  дар  ин  масъала   моҳи октябри  соли 2006 ва  мулоқоти  чорум  моҳи  сентябри соли  2009  баргузор  гардиданд.  Дар  ҷараёни  ин  мулоқоту  гуфтушунидҳо  вазъи  савдои  берунии  Тоҷикистон,  мувофиқати  қонунҳои он  ба талаботи  СҶТ  ва  ғайра  мавриди баррасӣ  қарор  гирифтанд. Намояндагони  Тоҷикистон   ин  масъаларо  бо  намояндагони  мамлакатҳои  аъзои  СҶТ – Иттиҳоди  Аврупо, ИМА, Чин,  Туркия  ва  Ҷопон  муҳокима  мекунанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  то  имрӯз   гуфтушуниди  намояндагони  Тоҷикистон  бо  намояндагони  Чин  анҷом  ёфт. Намояндагони  Тоҷикистон бо  намояндагони  Қирғизистон  ва  Ҳиндустон  дар  бораи  имзои  протоколи  дахлдор  паймон  намуданд.

Июнь 1, 2010 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад