ПАРЛУМОН ҚОНУН «ДАР БОРАИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ»-РО ҚАБУЛ ХОҲАД КАРД

Июнь 14, 2010 15:22

Душанбе, 14 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-14 июн таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи навбатии  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», «Оид ба  ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот   ба Кодекс барои иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин, Созишномаҳо  оид ба тартиби  ташкил ва гузаронидани  машқҳои муштараки  зиддитеррористии  давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, Созишнома оид ба ҳамкорӣ  байни  ҳукуматҳои  давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии яроқ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда, дар хусуси Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳифзи мероси  ғайримодии фарҳангӣ муҳокима шуданд.

Июнь 14, 2010 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид