ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН СОЗИШНОМАИ СҲШ-РО БА ТАСВИБ РАСОНД

Июнь 16, 2010 14:44

Душанбе, 16 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-16 июн палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи  ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/  дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии яроқ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои таркандаро ба тасвиб расонд. Зимни шарҳи масъалаи мазкур Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов гуфт, ки гардиши ғайриқонунии яроқ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда натанҳо ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба амнияти  давлатҳои аъзои  СҲШ хатари ҷиддӣ дорад. Мавсуф зикр кард, ки Созишномаи мазкур  бо мақсади андешидани тадбирҳои самаранок бар  зидди гардиши ғайриқонунии яроқ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда, аз ҷониби ҳукуматҳои  давлатҳои аъзои СҲШ моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, он аз муқаддима ва 15 модда иборат  аст. Дар Созишномаи мазкур мақсаду ҳадафҳои ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ дар самти пешгирии муомилоти ғайриқонунии яроқ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда инъикос гардидааст. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии  ҷумҳурӣ афзуд, ки тасдиқи Созишномаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон барои  ҳамкории мақомоти  салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  мақомоти салоҳиятдори  давлатҳои дигари аъзои СҲШ дар  ҷараёни баргузории чорабиниҳо ба муқобили гардиши ғайриқонунии яроқ,  асоси ҳуқуқиро фароҳам меорад.  

Июнь 16, 2010 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд