ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ФАЛАҶ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бино ба иттилои муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлони дар минтақаи Кӯлоб Мирзоалӣ Миралиев бемории фалаҷи кӯдакон дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб аз тарафи мутахасисони соҳаи тиб мунтазам пешгирӣ меёбад. Ба гуфти ӯ, то ин ҷониб дар минтақа 70 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, дар беморхонаҳои марказӣ муолиҷа мегиранд. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб эмгузаронӣ идома ёфта, дар ҳамаи бунгоҳҳои тиббӣ шароити хуби гузаронидани ин маърака фароҳам аст. Гуфтанист, ки барои бартараф кардани бемории фалаҷ доруворӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ба таври ройгон таъмин гардидааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






