ПИЛЛА БА ДАВЛАТ

Июнь 15, 2010 13:39

Ваҳдат,15 июн.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Кирмакпарвари яке аз соҳаи сердаромад дар ҷумҳурӣ Буда,тайи солҳои охир Рушд ёфта истодааст.Хоҷагидорони шаҳри Ваҳдат дар ин соҳа ҷиҳати барзиёд намудани ҳосили пила дар ин мавсим заҳмат кашида истодаанд. Ба хабарнигори АМИТ»Ховар» сардори раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат Ҷамолиддин Сафаров иттилоъ дод,ки имсол кирмакпарварони  хоҷагиҳои  шаҳр то имрӯз аз аввали мавсим 33783 кг пилла ба пункти  иллақабулкунӣ супориданд. Бояд қайд кард,ки хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Карим Исмоилов,то имрӯз 4500 кг, Кооперативи истеҳсолии ба номи А.Кенҷаев,4126 кг,хоҷагии деҳқонии «Бустон»,1213 кг пилла ба пункти  пиллақабулкунӣ супориданд. Ҷамолиддин Сафаров афзуд,ки маъракаи пилласупорӣ давом дорад ва дар рӯзҳои наздик нақшаи ба уҳда гифтаашонро хоҷагиҳо пурра иҷро менамоянд.  

Июнь 15, 2010 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад