РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ВМКБ
Хоруғ, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ Хурсанд Вафобеков ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки имрӯз дар вилоят 1531 соҳибкор фаъолият дорад. Дар вилоят 82 корхонаи хурд бо сармояи соҳибкорон сохта шуд ва имрӯз барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ маҳсулот мебарорад. Имрӯз таъмини куллии аҳолии вилоят бо маводи заруртарини рӯзгор ба зиммаи соҳибкорон ва тоҷирон гузошта шудааст. Айни ҳол дар ноҳияи Қалъаи Хум сохтмони варзишгоҳи замонавӣ ва дар ноҳияи Шуғнон сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ давом дорад. Ин муассисаҳо бо маблағи соҳибкорони маҳаллӣ Нуралӣ Шарифов ва Қадамшо Чинов сохта мешаванд. Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маблағи соҳибкорон марказҳои савдо, хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаҳои гуногун сохта мешаванд. Дар баробари ин баъзе омилҳое ҳастанд, ки ба рушди соҳибкорӣ халал мерасонанд. Баъзе ҷиҳатҳои қонунгузории мавҷуда, аз ҷумла масъалаи меъёрҳои баланди гумрукӣ, андози хеле калон ва механизми мураккаби қарзгирӣ аз бонкҳо аз ҷумлаи чунин монеаҳо мебошанд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






