СЕМИНАРИИ ОМӮЗИШӢ
Ваҳдат, 29 июн.(АМИТ»Ховар», Зебо Давлатова). — Дар шаҳри Ваҳдат рӯзҳои 26,27 ва 28 июни соли равон семинари омӯзишӣ,оид ба «Муайян намудани мушкилотҳо ва таҳлили лоиҳаҳо» гузаронида шуд,ки дар он бештар аз 30 нафар занону духтарони муҳоҷири афғон иштирок намуданд. Тавре,ки ба хабарнигори АМИТ»Ховар» роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Фидокор» Дилбар Ҳалилова гуфт,мақсад аз баргузор намудани ин семинар, омӯхтани таҳияи лоиҳа,таҳррезӣ аз рӯи меъёрҳои байналмиллалии созмонҳои ҷамъиятии тоҷику афғон дар шаҳри Ваҳдат мебошад. Айни замон мувофиқи иттилооти дар дастдошта бештар аз 1600 нафар гурезаҳои афғон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз аввали солҳои 2007 зиндаги намуда истодаанд.Зимни машварат маълум гашт,ки мушкилоти имрӯзаи гурезагони афғон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ,ин набудани ҷои кор,бо таҳсил фарогир набудани фарзандони афғон бо хатти криллӣ.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






