ШУМОРАИ БЕМОРОН КАМ МЕШАВАД

Июнь 15, 2010 15:14

Душанбе,  15 июн. (АМИТ «Ховар»,  Кристина Эрлих ). —  Дар  изҳороти  муштараки  барои матбуот  интишордодаи  Вазорати тандурустии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Созмони  ҷаҳонии  тандурустӣ ва  Муассисаи  наҷоти  атфоли  СММ гуфта  мешавад, ки  қабл  аз  оғози  даври  чоруми  дорудиҳӣ  ба  бачагон шумораи  беморони  гирифтори  фалаҷи  ҳароммағз  дар  Тоҷикистон   торафт  кам  мешавад. Дар  изҳорот  омадааст, ки   маъракаи  миллии  дорудиҳӣ  барои  пешгирии  бемории   фалаҷи  ҳароммағз  сабаби   ниҳоят  кам  гардидани  беморон   шуд. Вақтҳои охир   шумораи   бачагони  то  6 – солаи  ба  ин  беморӣ гирифторшуда ба таври назаррас  кам  гардид.  Мутахассисон  пешбинӣ  мекунанд, ки тамоили  коҳиш  ёфтани   беморӣ  дар  натиҷаи   даври  сеюми  дорудиҳӣ  идома  хоҳад  ёфт. Имрӯз  дар  Тоҷикистон   даври  чоруми  дорудиҳӣ  ба  бачагон  шурӯъ  шуд. Дар  ин  давра  ба бачагони  то  сини  16 – сола  дору  дода  мешавад. Баррасии  доимии дараҷаи  паҳн  гардидани  беморӣ   зарурати   давом додани   дорудиҳиро  ба бачагони  нисбатан  калонсол  ба  миён  гузошт,  зеро   наврасони  то  16  — сола низ  ба  ин  беморӣ  ба  осонӣ  гирифтор  шуда метавонанд. Вазири тандурустии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Нусратулло  Салимов  зикр  кард, ки  даври  чоруми  дорудиҳӣ  низ  бо  кӯмаки  Созмони  ҷаҳонии тандурустӣ,  Муассисаи  наҷоти  атфоли  СММ  ва  мамлакатҳои  мададгор  гузаронида  мешавад.  Ҳадафи он   кам  кардани   шуморони  беморон,  маҳдуд  сохтани  доираи  паҳн  гардидани  беморӣ  ва мустаҳкам  намудани  муқовимати   организми  бачагон  ба  ин  бемории  вазнин  мебошад. Роҳбари  намояндагии  Созмони  ҷаҳонии  тандурустӣ дар  Тоҷикистон  Сантино Саварони  низ  изҳор  намуд, ки   вақтҳои охир  теъдоди  беморони гирифтори  фалаҷи  ҳароммағзи  аз  мамлакатҳои  хориҷӣ  овардашуда дар  мамлакат  ба  андозаи  назаррас  кам  гардидааст. Инро  натиҷаҳои таҳқиқоти  лабораторӣ  тасдиқ  менамоянд,  гуфт  вай. Намояндаи  Муассисаи  наҷоти  атфоли  СММ дар  Тоҷикистон  Хонгвей Гао  ба  хабарнигорон  гуфт, ки  се  давраи  дорудиҳӣ  ба  бачагон  муташаккилона  ва  самарабахш  гузашт. Акнун  мо  бояд  кӯшиш  кунем, ки  дар  даври  чорум  ҳам  натиҷаҳои бештар  ба  даст оварда шаванд.  

Июнь 15, 2010 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад