ТӮҲФА БА ТАМОШОБИНИ МИЛЛИОНУМИ ТОЛОРИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолияти намоишгоҳи байналхалқии «ЭКСПО 2010» давом дорад. Дирӯз 21 июн толори Тоҷикистонро дар намоишгоҳи мазкур шахси миллионум тамошо кард. Ӯ донишҷӯи соли чоруми факултаи барномасозии демографии Донишгоҳи ғарбии шаҳри Сиан Хуан Чуан Феи 23 — сола мебошад. Корманди толори Тоҷикистон соати 16 дар ҳузури садҳо нафар тамошобинон, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ва роҳбарони намоишгоҳ тамошобини миллионуми толорро боз дошт. Ҳама ӯро табрик намуданд. Директори толори Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2010» Одил Сангов ба тамошобини миллионум лавҳаи «Тасвири манзараи Тоҷикистон» — ро тӯҳфа кард. Хуан Чуан Фей нақл кард, ки ҳоло дар донишгоҳ давраи имтиҳонсупорӣ давом дорад. Ӯ ҳамроҳи аъзои оилааш баъди супоридани имтиҳони навбатӣ ба тамошои намоишгоҳ баромадааст. Вай зикр кард, ки то имрӯз дар бораи Тоҷикистон маълумоти кофӣ надошт. Акнун ба туфайли тамошои намоишгоҳ дар бораи Тоҷикистон маълумоти зарурӣ ба даст овард. Ман ният дорам, ки баъди хатми донишгоҳ ҳамчун мутахассиси соҳаи демография ба Тоҷикистон сафар карда, бо ҳаёти мардуми он беҳтару хубтар шинос шавам, гуфт Х. Ч. Фей ба хабарнигорон. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки то имрӯз намоишгоҳи байналмилалӣ «ЭКСПО 2010» — ро бештар аз 17 миллион нафар тамошо кардааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






