ТАҚВИЯТИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар»). — Фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2010 «Дар бораи тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақа» баҳри иҷроиши нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 қабул гардида, аз он гувоҳи медиҳад, ки дар доираи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ ва зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва ҳадди ақали онҳо таваҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад. Мувофиқи банди 1 Фармони мазкур аз якуми июли соли 2010 андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ҳадди ақали нафақа 80 сомонӣ муайян гардидааст, ки ин нисбат ба ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақаи амалкунанда 33,3 фоиз зиёд аст. Аз якуми июли соли 2010 музди меҳнат ва нафақаи шахсоне, ки то имрӯз аз 80 сомонӣ кам буд, ба 80 сомонӣ расонида мешавад. Зикр намудан ба маврид аст, ки зиёдшавии андозаи ҳади ақали нафақа, хамчунин бо афзудани иловапулиҳои нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоие, ки аз рӯи ҳадди ақали нафақа ҳисоб мешаванд, аз ҷумла, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, маъюбон аз овони кӯдакӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузарги Ватанӣ ва Чернобил боис мегардад. Бояд кайд кард, ки барои амалӣ намудани фармони мазкур аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи Буҷети давлатӣ дар соли 2010 зиёда аз 10,0 миллион сомонӣ барои пардохти фарқияти андозаи ҳадди ақали музди меҳнат равона карда мешавад. Барои пардохти ҳамаи намуди нафақаҳо 51 миллион сомонӣ равона мегардад . Ин маблағ дарБбуҷети давлатии соли 2010, аз ҷумла, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа прешбинӣ шудааст ва татбиқи он саривақт амалӣ карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






