ТАЪСИСИ 9 ГУРӮҲИ КОРӢ ВА ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар назди Вазорати кишоварзӣ бо мақсади таҳияи Барномаи ислоҳоти аграрӣ 9 гурӯҳи корӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шудааст. Ба ин гурӯҳи корӣ мутахассисои Вазорати кишоварзӣ, олимони Академияи кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон шомил карда шудаанд. Айни замон тибқи нақша – чорабиниҳо, гурӯҳҳои корӣ дар аммалӣ гардидани ислоҳоти соҳаи аграрӣ фаъолият намуда, ҳар моҳ як маротиба аз натиҷаи корҳои амалигардида ба Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд. Боиси тазаккур аст, ки дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва амалӣ гардидани Барномаи ислоҳоти аграрӣ саҳми Бонки Ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Оҷонсии ҳамкориҳои байналмиллалии давлати Ҷопон, Барномаи рушди байналмиллалии Амрико (ЮСАИД), Созмони озуқа ва кишоварзии СММ ва боз даҳҳо созмонҳои дигар калон аст,- иброз дошт вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






